Рӯзи 28-уми апрел дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» оғоз мегардад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Суди иқтисодии вилояти Хатлон хабар дод, ҷонибҳо аз санаи баргузории мурофиаи судӣ огоҳ карда шуда, ба унвони Шӯрои мудирони ширкат ба Маскав низ огоҳиномаи судӣ фиристода шудааст.
Маълумоти мазкурро ҳамчунин дар КМ «ТоҷикАзот» низ тасдиқ намуда, иттилоъ доданд, ки онҳо дар бораи таъини санаи баргузории мурофиаи судӣ огоҳинома гирифтаанд.
Агентии зиддифасоди Тоҷикистон қаблан нисбати молики саҳмияҳои назоратии КМ «ТоҷикАзот», соҳибкори украинӣ Дмитирий Фирташ оид ба харидории ғайриқонунии саҳмияҳо, истифодаи ғайримақсадноки воситаҳо ва иштирок дар муомилоти ғайриқонунии фурӯши таҷҳизот даъво пеш овард. Агентӣ бар ин назар аст, ки муомилоти харидории 75%-и саҳмияҳо ғайриқонунӣ буда, аз ин рӯ, ин саҳмияҳо бояд ба давлат баргардонида шаванд.
Корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» моҳи декабри соли 2012 дар заминаи ҶСК «Азот» таъсис дода шуда, нуриҳои азотӣ истеҳсол мекунад.
Бино ба маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи ҶТ, зимни таъсиси корхонаи муштарак Фирташ ба фонди оинномавӣ танҳо як қисмате аз маблағи заруриро пардохтааст. Баъдтар ин воситаҳо барои харидани саҳмияҳои ду корхонаи дигари саноатии Тоҷикистон – ҶСП «Абрешим» дар Хуҷанд ва ҶСП «Гулистон» дар Душанбе масраф шуданд, ки мухолифи қонунгузории Тоҷикистон аст.
Ғайр аз ин, Агентии зиддифасод Фирташро ба он муттаҳам медонад, ки ширкати ӯ дар фурӯши таҷҳизот барои истеҳсоли маводи кимиёвӣ иштирок карда, аммо ҷониби Тоҷикистон, ки дорои 25%-и саҳмияҳои корхона аст, дар бораи фурӯш огаҳ карда нашуда, аз муомилоти анҷомёфта ҷуброн нагирифтааст.
Дмитрий Фирташ ба чоргонаи доротарин шахсони Украина шомил буда, 12-уми марти соли 2012 бо дархости Бюрои федералии тафтишот (ФБР) дар шаҳри Вена боздошт шуд.
Қобли зикр аст, ки то имрӯз Суди иқтисодии Душанбе аз 6 аризаи даъвогии Агентии зиддифасод 5-тоашро баррасӣ намуда, ҳамаи ба фоидаи даъвогар ҳаллу фасл шуданд. Инҳо иборатанд аз парвандаҳо оид ба ширкати «Тоҷикмармар», магазини сарулибоси «Модная точка», корхонаи нассоҷии ҶСП «Гулистон», бинои маркази равобити кории «Соҳибкорон», воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералии ш. Душанбе ва парвандаи ҶСК «Электроника-М».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста