Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби шахсони номаълум мавриди ҳамла ва лату кӯб қарор гирифт.
Саидумар Ҳусайнӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта барои шарҳу тавзеҳи бандҳои асосии паёми президент ба парлумон ба шаҳри Хоруғ рафтааст.
«Ҳамла дар дафтари кории ҲНИТ дар ВМКБ сурат гирифт. Дар натиҷаи ин ҳамла узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ Шоҳнаим Каримӣ низ ҷароҳатҳои сабук бардошт», - гуфт Ҳусайнӣ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамлагарон иборат аз 15-20 нафар фарёд мезаданд, ки «дар ВМКБ барои ҲНИТ ҷой нест».
Ҳусайнӣ изҳор мекунад, ки ҳамлагарон асосан кормандони сохторҳои давлатии ВМКБ буда, ӯро, ки вакили парлумон аст, дар ҳукумати ВМКБ ҳатто қабул накардаанд. Дирӯз Ҳусайнӣ сафараш ба ВМКБ-ро қатъ карда, ба Душанбе баргашт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста