Адвокатҳои раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ имрӯз аз болои қарори суди шаҳри Турсунзода аз 21-уми апрели соли 2014 дар бораи мусодираи бозори «Саховат» -и мутааллиқ ба ҳамсари Кабирӣ ба Суди олӣ шикоят бурданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, адвокати раиси ҲНИТ хабар дод.
Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Турсунзода даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро қонеъ сохта, оид ба мусодираи бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзодаи мутааллиқ ба оилаи раиси ҲНИТ ҳалнома содир намуд.
Бо қарори суд, иншооте, ки дар он бозори «Саховат» дар шаҳри Турсунзода воқеъ аст, ба Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷт баргардонида мешавад.
Суд тамоми дархостҳои ҷавобгарон ва нотариусро рад намуда, ҳамчунин онҳоро ба пардохти 36 сомонӣ ба нафъи давлат уҳдадор намуд. Ҳамчунин бо қарори суд давлат ба соҳибмулкони бозор ҳеҷ маблағе пардохт намекунад.
Агентии зиддифасод аз суд тақозо намуда буд, ки бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки муталлиқ ба оилаи Кабирӣ ва хешони ӯ аст, ғайриқонунӣ ва бо нақзи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда хусусӣ гардонида шудааст ва бояд ба ихтиёри давлат баргардонида шавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста