Русия шаҳрванди Тоҷикистон Одинахӯҷа Давлатовро, ки ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, ба Тоҷикистон истирдод кард.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии прокуратураи шаҳри Маскав, Одинахӯҷа Аҳмадов аз ҷониби Русия ба ихтиёри мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон супурда шудааст, то ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.
«Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ӯ муддати 4 сол мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад», - гуфта мешавад дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, мақомоти салоҳиятдор Давлатовро ба он айбдор мекунанд, ки ӯ моҳи августи соли 2007 бо баҳонаи бофтаи рушди соҳибкорӣ дар бонки қарздиҳии хурди шаҳри Кӯлоб аз номи худ 2 ҳазор доллари ИМА қарз гирифтааст.
Ғайр аз ин, таъкид мешавад, ки моҳи ноябри соли 2007 ӯ дар Точикистон бо роҳи фиребгариву суистеъмол 23 ҳазор доллари ИМА-и ҷабрдидаро дуздидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки Давлатов моҳи июли соли 2013 аз ҷониби кормандони милисаи шаҳри Маскав боздошт ва нисбати ӯ макомоти прокуратураи шаҳри Маскав санҷиш гузаронила, маводҳо ба Прокуратари генералии Русия ҷиҳати қабули қарордод оид ба истирдод фиристода шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста