Сокини деҳаи Чағатайи ноҳияи Варзоб, соҳибкори 21-сола Раҷаббек Каримов ба гумони даст доштан дар қатли бераҳмонаи ҳамдиёри худ ба ҳабс гирифта шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, дар канори роҳи мошингарди Чорбоғ-Чағатайи ноҳияи Варзоб, дар даромадгоҳи деҳаи Чағатайи ҳамин ноҳия ҷасади шаҳрванд Сорбон Раҳмонови 28-сола, сокини ҷамоати Чорбоғ бо аломатҳои марги маҷбурии захмҳои халандаю буранда дарёфт карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки Раҷаббек Каримов бо шаҳрванд Сорбон Раҳмонов дар натиҷаи муноқишаи бамиёномада (бо сабабе, ки Каримов Р. бо автомашинааш оби лойро ба бадани Раҳмонов С. пош медиҳад), Раҷаббек Каримов бо корди дар дасташ буда ба бадани Сорбон Раҳмонов якчанд маротиба задааст, ки дар натиҷа охирон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса нисбати номбурда ҳабси пешакӣ татбиқ карда шуда, мутобиқи моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста