Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз муомилоти ғайриқонунӣ 11 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Ваҳдат автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” зери идораи сокини 48-солаи ноҳия боздошт ва зимни кофтукови автомашина аз зери курсии қафо қоғазпеч дарёфт карда шудааст, ки дар он се бастаи селлофанпеч бо маводи хамирмонанд мавҷуд буд.
Ба иттилои манбаъ, кормандони оперативӣ ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии боздоштгардида боз як бастаи селлофаниро ошкор намуданд, ки дар дохили он маводи қаҳваранг мавҷуд буд. Маводи нашъаовар барои ташхис равон карда шуд. Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи нашъаовари мусодирашуда навъи “афюн” буда, вазни он 10 килограмм 505 граммро ташкил менамояд.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 200 қ. 4 (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ё моддаи писхотропӣ бо мақсади фурӯш) оғоз карда шудааст. Боздоштшуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол чораҳои зарурӣ барои муайян ва боздошт намудани ҳамаи шахсоне, ки ба ҷинояти мазкур даст задаанд, андешида шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста