Дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Екатеринбург ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дарёфт карда шудааст.
Бино ба хабари ОИ «Актуально» бо истинод ба сардори Раёсати иттилооти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск, пас аз расидани хабари ҳодиса, кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади мардеро бо аломатҳои марги маҷбурии захмҳои халандаю буранда дар қисмати қафаси синааш дарёфтаанд.
Намояндаи мақомоти пулис ҳамчунин изҳор намудааст, ки кормандони пулису муфаттишон сокинони се бинои истиқоматии наздиктарин ба ҷойи ҳодисаро пурсуҷӯ доранд, то ки ягон шоҳиде пайдо кунанд.
«Шахсияти марди ҳалокшударо кормандони пулис муайян карданд. Ӯ зодаи Тоҷикистон буда, соли 1982 таваллуд шудааст. Хешону наздикони марҳум ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, шахсияти ӯро тасдиқ карданд», - гуфтааст номбурда.
Дар Раёсати мазкур аз шоҳидон, бахусус ронандагони воситаҳои нақлиёти дорои сабти видеойӣ дархост карданд, ки ба тафтиши ин ҷиноят кумак кунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста