Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт донишҷӯи соли сеюми факултаи менеҷменти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Алидод Карамхудоевро барои лату кӯби ҳамсабақаш 4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ С.Тӯраев хабар дод, донишҷӯ Алидод Карамхудоев дар аудитория назди ҳамсабақон пойафзоли худро бо жемпер тоза кардааст, ки ин рафтор ба ҳамсабақи ӯ Қиматшо Орифшоев хуш наомада, ба ӯ чунин эрод гирифтааст: «Бо ин амалат ту ахлоқу фарҳанги бадахшониёнро паст задӣ».
Ин баҳс ба муноқиша табдил ёфта, бо анҷоми дарсҳо ҳамсабақон дар саҳни донишгоҳ якдигарро лату кӯб мекунанд. Дар натиҷа ҳарду ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил шудаанд.
Суди ноҳияи Фирдавсӣ ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи ҷаримабандии Алидод Карамхудоев ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ ҳалнома содир намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста