Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса дар шаҳри Хуҷанд, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 50-солаи шаҳри Истаравшан Маъруф Шарифов боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ дар маҷмӯъ 36 килою 790-грамм маводи  нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.