Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳоло ба омӯзиши муроҷиати расмии вакил, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ба раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров оид ба баррасии масъалаи ҳамла ба ӯ аз ҷониби афроди номаълум дар Хоруғ шурӯъ накардааст.
Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони МНМО ҶТ Маҳмадалӣ Ватанов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баъди рух додани ин ҳодиса раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров бо дархости санҷиши дақиқи ин қазия расман ба Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода муроҷиат кардааст. «Мо посухи Прокурори генералӣ дар мавриди ин масъаларо интизорем», - гуфт Ватанов.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз дастрас шудани посухи Прокуратураи генералӣ Шӯрои палатаи поёнии парлумон ба омӯзишу баррасии муроҷиати расмии вакил С.Ҳусайнӣ ба раиси МНМО ҶТ оғоз мекунад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7-уми май вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ расман ба раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров муроҷиат кард , то ки дар ҷаласаи МНМО ҶТ масъалаи марбут ба ҳамлаи содиршуда ба ӯ дар Хоруғ баррасӣ шуда, ҷиҳати тафтиши ин ҳодиса комиссияи парлумонӣ таъсис дода шавад.
Дар муроҷиати худ ба Ш.Зуҳуров ӯ дархост намуд, ки намояндагони ҳукумати ВМКБ барои шарҳи ҳодиса ба Душанбе даъват шуда, ҳамчунин ҷиҳати тафтиши ин ҳодиса ва ба масъулият ҷалб кардани гунаҳкорон ба сохтори дахлдор дархости расмӣ ирсол карда шавад.
Ғайр аз ин, вакил аз раиси палатаи поёнии парлумон дархост кардааст, ки дар ташкили вохӯриҳои ӯ бо интихобкунандагон шароит фароҳам оварда шавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста