Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия раҳбарияти ширкати лизингии «Нахуст Лизинг»-ро дар сохтакории ҳуҷҷатҳо бо мақсади даст кашидан аз пардохтҳои гумрукӣ муттаҳам медонад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентии зиддифасод, Мирзоев А.Ш. дар вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ширкати лизинги «Нахуст лизинг» кор карда, ҳамчун роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ бо сӯистифода аз ваколатҳои идоравии худ бо дигар шахсони масъул маслиҳати пешакӣ менамояд ва бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда аз пардохтҳои гумрукӣ ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни анҷоми расмиёти ҳавопаймои «Боинг 757-200 ER» Мирзоев аз пардохти маблағҳои ҳатмии давлатӣ саркашӣ кардааст. Таъкид мешавад, ки дар натиҷа ба давлат зарари бузурги молӣ расонида шудааст.

Дар ҷараёни санҷиши кормандони Агентӣ ва аудиорони Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ ошкор шудааст, ки раҳбарияти ширкати «Нахуст Лизинг» маблағи пардохти гумрукӣ дар ҳаҷми ҳудуди 21 млн. сомонӣ (зиёда аз 4,3 млн. доллари ИМА)-ро рӯйпӯш сохтааст.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин дар асоси қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ ба молу мулки ҶСП ШЛ «Нахуст Лизинг» - 2 адад ҳавопаймои тамғаи «Боинг 737-400» ҳабс гузошта шуд.

«Дар рафти тафтиши пешакӣ дар ҳамбастагии зич бо кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумат, ширкати «Нахуст Лизинг» зарари молиявии расонидашуда дар ҳаҷми 20 млн. 812 ҳазору 688,82 сомониро ба буҷети давлат баргардонид», - зикр мегардад дар иттилои Агентӣ.

Ширкати лизингии «Нахуст Лизинг» дар назди ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» соли 2004 бо қарори раёсати бонки мазкур таъсис дода шуд, ки раиси он соҳибкори маъруфи тоҷик Тоҷиддин Пирзода мебошад.