Прокуратураи ҳарбӣ тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбат ба феолдшер Усмон Ғайратовро, ки дар шикастани гардани сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев айбдор карда мешавад, ба итмом расонид.
Аз Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки парванда ба суд ирсол гардида, вале аз шарҳи ҷузъиёти масъала худдорӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки аввали моҳи май пас аз ҷарроҳӣ шудани Шаҳбол Мирзоев аз ҷониби табибони рус дар госпиали ҳарбии шаҳри Красногорски вилояти Маскав вазъи солимии ӯ рӯ ба беҳбудӣ овард.
Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Интизорӣ меравад, ки имрӯз ӯ аз бемористон рухсатӣ мешавад. Дар дармонгоҳи Русия оилаи Мирзоевҳо дар маҷмӯъ ҳудуди 700 ҳазор рубли русӣ (беш аз 20 ҳазор $) – маблағи фурӯши манзили зист дар Аштро хароҷот кард. Қобили зикр аст, ки дар суратҳисоби дар «Агроинвестбонк» кушода ба номи Шаҳбол Мирзоев то имрӯз 3,7 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста