Дар вилояти Хатлон мурофиаи судии аъзои комисссияи даъвати ноҳияи Шаҳритӯс, ки соли 2013 ғайриқонунӣ 25 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро ба хизмати ҳарбӣ даъват карда буданд, ҷараён дорад.
Бино ба иттилои раиси суди харбии гарнизони Хатлон Тоҳир Искандаров, аз рӯи ин парванда 10 нафар шахсони масъули ноҳияи Шаҳритӯс, аз ҷумла чор нафар директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ду раиси ҷамоатҳо, кормандони шуъбаи маориф ва комиссариати ҳарбии ноҳия ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
«Ҳамаи онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гумонбар дониста мешаванд», - иброз дошт ӯ.
Қобили зикр аст, ки дар яке аз нишастҳои хабарӣ прокурори ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа Маҳмуд Алимардонов дар мавриди ин масъала изҳор карда буд, ки аз ин 25 нафар мактаббачагони ғайриқонунӣ ба хизмат даъватшуда, 4 нафарашон аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бозхонд ва ба хонаҳояшон баргардонида шуда, толибилмони боқимонда хоҳиши идома додани хизмат дар артишро дархост кардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста