Дар посух ба номаи вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст, ки барои оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели ҳодисаи бо ӯ рухдода рӯзи 28-уми апрел дар Хоруғ ҳеҷ асосе намебинад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, дар номаи ҷавобии Прокуратураи генералӣ зикр гардидааст, ки аз рӯи далели ҳодисаи рухдода, ки дар он Ҳусайниву ҳамроҳонаш мегӯянд, ки мавриди лату кӯб қарор гирифтаанду ба онҳо барои вохӯрӣ бо интихобкунандагон имкон надодаанд, кормандони масъули ҳукумати ВМКБ, иштирокчиёни ҳодиса бозпурсӣ шуда, тибқи натиҷаҳои бозпурсӣ, оғози парвандаи ҷиноӣ рад карда шудааст.
«Дар номаи худ ба унвони вакил Ҳусайнӣ Прокуратураи генералӣ таъкид мекунад, ки дар бораи кори тафтиши ҳодисаи бо ӯ рухдода дар Хоруғ ба раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ҳисоботи муфассал пешниҳод мегардад», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7-уми май вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ расман ба раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров муроҷиат кард , то ки дар ҷаласаи МНМО ҶТ масъалаи марбут ба ҳамлаи содиршуда ба ӯ дар Хоруғ баррасӣ шуда, ҷиҳати тафтиши ин ҳодиса комиссияи парлумонӣ таъсис дода шавад.
Дар муроҷиати худ ба Ш.Зуҳуров ӯ дархост намуд, ки намояндагони ҳукумати ВМКБ барои шарҳи ҳодиса ба Душанбе даъват шуда, ҳамчунин ҷиҳати тафтиши ин ҳодиса ва ба масъулият ҷалб кардани гунаҳкорон ба сохтори дахлдор дархости расмӣ ирсол карда шавад.
Ҳамчунин раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони МНМО ҶТ Маҳмадалӣ Ватанов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки баъди рух додани ин ҳодиса раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров бо дархости санҷиши дақиқи ин қазия расман ба Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода муроҷиат кардааст. «Мо посухи Прокурори генералӣ дар мавриди ин масъаларо интизорем», - гуфт Ватанов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста