Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Истаравшан сокини ноҳия Мирбақозода Абдуғаффори 23-сола, ки ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад, муроҷиат намудааст, ки нимарӯзи 31-уми май ҳангоми дар дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро боздошт намуда, ба рӯяш хокаи қаламфурро пошидааанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, сипас ӯро лату кӯб намуда, бо тариқи ошкоро автомашинаашро аз ҷойи ҳодиса 800 метр дуртар ҳай карда бурдаанд ва аз ӯ маблағи пулии 100 000 доллари амрикоиашро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо иззи гармогармӣ кормандони милитсия бо гумони ҷинояти ғоратгарӣ сокинони шаҳри Истаравшан - Қаҳҳор Ҷалолови 29-солаи қаблан маҳкумшуда ва Шуҳрат Абдуазимови 34-соларо дастгир намудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки далели шайъӣ қисман гирифта шуда, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтишот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста