Шоми дирӯз ба Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар бораи аз ҷониби афроди номаълум ба сӯйи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ партофта шудани помидору тухми мурғ ариза ворид гардид.
Сардори ШВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Назаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки бо аризаи дахлдор дар ин хусус ба шуъба раҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Маҳмадшариф Набиев муроҷиат кардааст.
«Ӯ бо ман суҳбат карда, албатта, ман ваъда медиҳам, ки мо ин ҳодисаро таҳқиқ мекунем ва афроди ба Кабирӣ ҳамланамударо дарёфт ва чораҳои зарурӣ меандешем», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10-уми июн баъд аз анҷоми вохӯрии раиси ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб болои раис ва ҳайати ҲНИТ ҳамла сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста