Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ нисбати омӯзгори литсейи №1-и шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентии мазкур, санаи 15 апрел шаҳрванд Зайтуна Назарова ба Раёсати Агентӣ бо ариза муроҷиат намуда изҳор доштааст, ки омӯзгори литсейи № 1 шаҳри Панҷакент Исроил Раҷабов бо роҳи фиреб ва сӯистифода ба боварии ӯ даромада, барои дохил намудан ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Федератсияи Русия бо супоридани имтиҳонҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», аз ӯ маблағи 8000 доллари ИМА талаб намудаааст.
Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Раҷабов Исроил ҳангоми гирифтани маблағи 8 ҳазор доллари ИМА аз Зайтуна Назарова дастгир карда шуда, маблағ ҳамчун далелҳои шайъи аз ӯ дарёфт ва мусодира шудааст.
Гуфта мешавад, тафтиши парандаи ҷиноӣ нисбати Исроил Раҷабов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қаллобӣ) пурра ба анҷом расонида шуда, ба суд ирсол гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста