Як сокини вилояти Суғд ба ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани навҷавон гумонбар дониста мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 26-солаи вилоят Х.Х. боздошт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки санаи соати 02-и шаби 13-уми июн Х.Х. ба манзили сокини 41-солаи ҷамоати Ортиқов ворид гардида, писари 17-солаи соҳибманзилро лату кӯб ва ӯро ба бордони автомашинаи тамғаи ВАЗ-2106 маҳкам мекунад. «То аз ҷониби наздиконаш дарёфт шудан, навҷавон дар бордони мошин маҳкам мемонад», - гуфтанд дар раёсат.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 131, қисми 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста