Дар мурофиаи судии сайёри коллегия оид ба парвандахои ҷиноятии суди вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом сокини 21-сола Расул Эргашев барои кӯшиши таҷовуз ба номуси духтари 8-сола ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.
Тавре аз суди вилояти Суғд хабар доданд, суд Расул Эргашевро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва моддаи 138, қ. 3, банди «а» (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида)-и КҶ Тоҷикистон гунаҳкор эътироф намудааст.
«Исбот карда шуд, ки Р.Эргашев қарибиҳои шоми санаи 19-уми марти соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ назди даромадгоҳ духтари 8-солаеро мебинад, ки модараш дар Русия будаасту дар ҳамсоягӣ бо бибиаш мезистааст. Ӯ бо роҳи фиреб духтарро ба хонаи худаш оварда, нияти таҷовуз ба номусашро доштааст, вале ин замон хоҳари Р.Эргашев ҳозир шуда, духтарро назди бибиаш мебарад ва ӯ ин ҳодисаро ба модаркалонаш ҳикоят мекунад», - гуфтанд дар суди вилоятӣ.
Зимнан зикр гардид, ки ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, аз болои он шикоят бурдан имконпазир аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста