Аз замони боздошти Александр Содиқов дар шаҳри Хоруғ, ки КДАМ Тоҷикистон ӯро ба ҷосусӣ гумонбар медонад, 72 соат сипарӣ шуд, вале ба оилааш аз куҷо будану дар чӣ ҳол қарор доштани ӯ хабаре нарасидааст.
Ҳамсари боздоштшуда Мушарраф Содиқова ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ аз тақдири Александр огаҳие надорад. «Ман ва модари Содиқов аз боздошти ӯ рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ дар ташвишем. Аз замони боздошташ аллакай 72 соат сипарӣ шуд, вале ба мо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи аҳволи Александр ҳеҷ хабаре нарасидааст», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки ин мухолифи моддаи 92, қ. 3-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии кишвар аст.
Мутобиқи моддаи 92-и КМҶ ҶТ (Дастгир кардан дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят), шахсро бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест. Баъди гузаштани ин мӯҳлат дастгиршуда бояд аз ҳабс озод карда ё дар ҳаққи ӯ чораи дигари пешгирии дар Кодекси мазкур пешбинишуда татбиқ карда шавад, ба истиснои муқаррароти қисми 5 моддаи 111 Кодекси мазкур.
Ёдрас мекунем, ки Александр Содиқов санаи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Раёсатми КДАМ дар ВМКБ ӯро ба фаъолияти тахрибкориву иктишофӣ гумонбар медонад.
Аммо профессор Ҷон Хизершоу, роҳбари илмии Александр Содиқов тасдиқ кард, ки бо ӯ аз рӯи лоиҳаи таҳқиқоти академӣ оид ба роҳу воситаҳои ҳалли низоъҳо кор мекунад. «Александр бо донишгоҳи ман (Exeter University) қарордод дорад ва ин исботи он аст, ки ӯ на барои ҳукумати Британия, балки барои донишгоҳ кори илмӣ иҷро мекунад», - гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҷон Хизершоу.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста