Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои иовагии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милиса боз як иштирокчии ҳодисаи «кордзании толибилмон» -ро, ки бар асари он рӯзи 30-юми май Бурҳониддин Зарифови 17-сола ба ҳалокат расид, боздошт намуданд.
Сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе полковники милиса Баҳриддин Давлатбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин боздоштшуда низ хонандаи мактаб аст. «Номи ӯ Комрон ва се рӯз қабл боздошт шуда буд», - гуфт Давлатбеков ва аз пешниҳоди маълумоти дигар дар бораи боздоштшуда худдорӣ варзид.
Тафтиши ҳодисаи куштори Бурҳониддин Зарифов идома дорад. Гунаҳкори асосӣ дар куштори толибилми мактаб бар асари кордкашӣ дар Душанбе – Бобоҷон Ҳомидови 17-сола ба гуноҳаш иқрор шуда, дар ҳабс қарор дорад. Аз рӯи далел мазкур мутобиқи моддаҳои 110, қ. 3 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд) ва 237, қ. 3 (Авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст. Айни замон 13 нафар иштирокчиёни ҳодиса боздошт шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста