Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон шаҳрванди Афғонистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.
Сухангӯи Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Ҳумайро Мирова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шаҳрванди кишвари ҳамсоя Муҳаммаднаим валади Азим дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ зимни анҷом додани муомилоти навбатии фурӯши воситаҳои нашъаовар боздошт шудааст. «Ин гурӯҳи ҷиноятпеша автомашинаҳои гаронбаҳоро харида ҷиҳати пардохти он барои фурӯш героин медодааст», - гуфт манбаъ.
Ба қавли вай, Муҳаммаднаим валади Азим аз соли 2008 дар Тоҷикистон кору зиндагӣ карда, ба тиҷорат машғул аст ва намояндаи яке аз ширкатҳои афғонӣ мебошад. «Ҳамчунин маълум шуд, ки барои даст доштан дар куштор ӯ аз ҷониби мақомоти интизомии Афғорнистон мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад», - иброз дошт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ин дафъа ҷинояткорон нияти харидории автомашинаи тамғаи «Лексус»-ро дошта, ба сифати пардохт 6 ҳазор доллари ИМА пешниҳод намудаанд ва ҳамчунин барои фурӯш 40 кило маводи сахттаъсири героинро низ доданӣ будаанд. «Ҳангоми анҷоми ин муомилот шаҳрванди Афғонистон дастгир ва Раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумрук ҷиҳати боздошти дигар аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша тадбирҳо меандешад», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста