Се нафар сокини вилояти Суғд барои қатли бераҳмонаи ҷавонзан ба 23-24-соли зиндон маҳкум шуданд.
Аз Суди вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ чанде қабл баррасии парванда нисбати сокинони шаҳри Истаравшан – Эҳроми Бозори 23-сола, Илҳом Алиқулови 25-сола ва Аслон Азимбекови 23-соларо ба итмом расонида, онҳоро дар содир намудани куштори бераҳмона гунаҳкор эътироф намуд.
Ба иттилои манбаъ, Эҳроми Бозор ба 24 ва Илҳом Алиқулову Аслон Азимбеков ҳар кадоме ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ дар қаламрави деҳоти Охтангии ҷамоати Шаҳристон зери ҷӯи металлу бетонӣ ҷасади ҷавонзани 23-сола, сокини шаҳри Истаравшан Мақсудаи Алиҷон бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шудаааст.
«Муайян карда шуд, ки маҳкумшудагони дар зиндон бо ҳамдигар шиносшуда 2 ҳазору 500 сомонӣ маблағи пулии ҷавонзанро дуздида, аз ӯ 3 телефони ҳамроҳашро низ мегиранд, ки дар умум 3 ҳазору 600 сомонӣ мешавад. Сипас ӯро то марг лату кӯб намуда, бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷиноят, ба ҷасад бензин пошида, онро оташ мезананд», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста