Шабонарӯзи сипаригашта кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд аз гардиши ғайриқонунӣ маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷоемаи Агентӣ, рӯзи 24-уми июн дар шаҳри Хуҷанд сокини 37-солаи маҳаллӣ дастгир карда шуд, ки кормандони оперативӣ аз ӯ халтаи сеофаниро бо ҳашиш ошкор намуданд.
«Рӯзи дигар дар хонаи дастгиршуда кофтуков гузаронида шуд. Аз дохили қубури обгузари ҳуҷраи ташноб махфигоҳ ошкор гардид, ки дар дохили он маводи нашъаовар пинҳон карда шуда буд», - омадааст дар маълумоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, мутобиқи хулосаи экспертиза маводи нашъаовари ошкоршуда қариб 3 кг ҳашиш ва героин мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста