Зимни нишасти хабарии рӯзи 7-уми июл раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Зафар Азизов изҳор кард, ки дар зарфи ним сол судҳои ҷумҳурӣ 4 ҳукми эътирофи бегуноҳи содир намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз нисф камтар аст.
«Бояд гуфт, ки ҳукмҳои эътирофи бегуноҳӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафъи мансабдорони давлатӣ, ки дар қонуншиканӣ айбдор шудаанд, қабул нагардидаанд», - таъкид дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давраи ҳисоботӣ ду далели ришвахорӣ миёни намояндагони мақомоти судӣ ошкор ва собит шуда, айни замон нисбати боз як судя тафтиш идома дорад.
Раиси Шӯрои адлия зикр кард, ки дар нимсолаи аввал судҳои кишвар дар маҷмӯъ 63 ҳазору 891 парвандаҳоро баррасӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта беш аз 1,5 ҳазор парванда камтар аст.
«Аз ин шумор 5 ҳазору 561-тоашон парвандаҳои шаҳрвандӣ, 17 ҳазорашон парвандаҳои шаҳрвандии оилавӣ, беш аз 25 ҳазорашон парвандаҳо дар бораи қонуншикании маъмурӣ (аз ҷумла 336-тоаш оид ба риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва 5 ҳазору 167 парвандаи марбут ба риоя нашудани қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд) ва ғайра мебошанд», - афзуд Зафар Азизов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста