Дар ҷаласаи Мушовараи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро «Натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм» баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ҷаласа таъкид гардид, ки сарфи назар аз тадбирҳои андешида, қонуншиканиҳо аз ҷониби наврасону ҷавон тамомили афзоиш дорад ва дар нимсолаи аввали соли равон содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 % ё 11 ҳолат зиёд гардидааст.
Дар ҷаласа ба масъалаи бехатарии сӯхтор низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, қайд карда шуд, ки дар давоми 6 моҳи соли равон шумораи сӯхторҳо 28 ҳолат зиёд гардида, бар асари он 21 нафар фавтидаанд, ки 10 нафари онро ноболиғон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин дар робита ба таъмини бехтарии ҳаракат дар роҳ зикр гардид, ки дар самти таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ, мунтазам рейдҳо ва амалиётҳои махсус гузаронида мешавад, вале новобаста аз чораҳои андешидашуда дар ин самт, вазъи садаманокӣ 32 ҳолат зиёд ба қайд гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста