Дар шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати се нафар зан, ки ба фиристодани занон ҷиҳати танфурӯшӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб машғул буданд, оғоз гардид.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, мурофиа дар бинои суди шаҳр ҷараён дошта, се нафар занон, сокинони шаҳри Хуҷанд дар даст доштан ба содир намудани ин ҷиноят гумонбар дониста мешаванд. «Ду нафари онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 130 (Хариду фурӯши одамон) ва зани сеюм мутобиқи моддаи 347 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон нигоҳ доштани он)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор карда мешаванд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, тибқи маслиҳати пешакӣ онҳо ду нафар духтарон, сокинони шаҳри Хуҷандро бо ваъдаи ҷойи кор ва маоши шоиста фиреб карда, аслан ҷиҳати ба танфурӯшӣ машғул шудан ба шаҳри Дубай фиристоданӣ будаанд. «Ҳангоми ба Дубай фиристодан духтарон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуданд», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста