Ҳаҷми умумии ҷаримаҳо дар пойтахт оид ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тибқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» аз замони ҷорӣ шуданаш (31-уми июли соли 2013 то 1-уми июли соли равон) беш аз 13 млн. сомониро ташкил дод.
«Имрӯз амалисозии лоиҳа амалан ба итмом расида, дар 71 кӯча ва аксари хиёбону майдонҳои шаҳри Душанбе камераҳои мушоҳидаи видеойӣ насб шуданд», - изҳор намуд зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода.
Ба саволи журналистон дар бораи аз ҷониби вазир шахсан риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати дар роҳ Раҳимзода посух дод, ки шояд бо зарурати хидматӣ ӯ ҳамарӯза ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намекунад, вале ягон маротиба барои ин ҷарима пардохт накардааст, зеро ӯ дар автомашинаи махсус ҳаракат мекунад.
«Аммо писарони ман барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз ҷониби камераҳои мушоҳидаи видеойӣ сабт шуда буданд, ҷарима пардохтанд», - гуфт вай.
Дар идома ӯ зикр кард, ки барои мудом вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки тариқи ин камераҳо дар роҳҳои пойтахт сабт шудаанд, 11 нафар корманди милиса аз кор озод шуда, 2 нафар аз мансаб сабукдӯш гардиданд.
Вазири корҳои дохилӣ таъкид дошт, ки аз оғози амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» нишондиҳандаи фавт дар роҳҳои Душанбе панҷ маротиба кам шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста