Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ду нафар сокини ноҳияи Шаҳритӯс – Диловар Эшмуродови 20-сола ва Аҳрор Кенҷаеви 32-соларо ба гумони даст доштан дар роҳзанӣ боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, онҳо шаби 17 ба 18-уми июл дар назди Маркази савдои «Садбарг» ба автомашинаи шахсии тамғаи «Волсваген-голф»-и сокини 22-солаи пойтахт Фирӯз Подшоев, нишаста, ҳангоми ҳаракат ба тарафи бозори «Саховат», дар назди ошхонаи «Осиё», воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев, бо истифода аз миёнбанди чармӣ ӯро буғӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, онҳо ҳамчунин таҳдиди зӯрӣ карда, аз ӯ пули нақд - 480 доллари амрикоӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа», ки арзишаш 500-сомонӣ мебошад ва автомашинаашро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо изи гарм Диловар Эшмуродов ва Аҳрор Кенҷаев фавран дастгир гардида, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста