Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар робита ба сабабҳои боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов шарҳи расмӣ интишор намуд.
Дар маълумоти расмии маркази матбуоти Агентӣ зикр мегардад, ки Шуҳрат Қудратов зимни фаъолият ба ҳайси адвокати Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сипар», қасдан ва бо мақсади ғаразнок, ҳамчун таҳриккунанда, сӯиқасди додани пора ба шахси мансабдор барои анҷом додани ҳаракати ғайриқонунӣ содир намуда, дар асоси ордери № 000658 аз санаи 09-июни соли ҷорӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои судшаванда Амиралӣ Суламаевро бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ), ки мавриди баррасии судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Низамов Ш.А. қарор дошт, ҳимоя намудааст.
«Дар рафти мурофиаи судӣ, Қудратов Ш.А. қасдан ва бо мақсади ғаразнок, мавқеи ғайриқонунии касбиро ишғол намуда, барои ба манфиати зерҳимояаш - судшаванда Сулемаев Амиралӣ иҷро намудани амали ғайриқонунӣ, бо роҳи багапдарорӣ додани 2,500 доллари амрикои ба сифати пора ба шахси мансабдор, яъне судя Низамов Ш.А. барои баровардани ҳукми сафедкунанда моил намудааст – омадааст дар маълумот. – Ба замми он адвокат Кудратов Ш.А.баҳри амали намудани ин мақсади ғаразнокаш мунтазам ба утоқи кори судя Низамов Ш.А. даромада ӯро низ дар ҳузури котиби маҷлиси судӣ барои бар ивази маблағи пора баровардани ҳукми сафедкунанда нисбати зерҳимояаш – Суламаев А.Н. моил намудааст».
Дар маълумот қайд мешавад, ки сипас судшаванда Суламаев А.Н. барои ба судя додани пора бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудан ба таклифи таҳриккунандаи Қудратов Ш.А. розӣ шуда, сараввал санаи 18-июли соли равон тахминан соати 16-00 дақиқа дар назди бинои Суди ноҳияи И.Сомонӣ маблағи -1500 доллари амрикои ва бори дуюм санаи 21-июли соли ҷори, тахминан соати 10-55 дақиқа дар назди ошхонаи «Шаҳризода», воқеъ дар шафати бинои Суди ноҳияи И.Сомонӣ маблағи боқимондаи 1000 доллари амрикоиро ва дар маҷмуъ 2,500 доллари амрикоиро барои ба сифати пора ба судя Низамов Ш.А. додан ба Қудратов Шӯҳрат шахсан супурдааст.
«Худи ҳамон рӯз зимни гузаронидани амалиёти фаврӣ-тафтишотӣ, адвокат Қудратов Ш.А. ҳангоми аз судшаванда Суламаев А.Н. гирифтани маблағи 1000 доллари амрикоӣ дар ҷои ҳодиса аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир карда шуда, дар натиҷаи кофтукови шахсӣ аз ӯ далелҳои шайъӣ – 1000 доллари амрикоӣ ва 1400 доллари амрикоии қаблан гирифтааш, дарёфт карда гирифта шуд», баён мегардад дар маълумот.
Гуфта мешавад, оиди ҳодисаи мазкур, санаи 21 июли соли 2014 аз ҷониби Раёсати тафтишотии Агентӣ нисбати Қудратов Шӯҳрат аз рӯи аломатҳои моддаҳои 36 қисми 4, 32 қисми 3 ва 320 қисми 2-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад. «Бо назардошти он, ки Қудратов Ш.А. дар содир намудани ҷинояти вазнин гумонбар дониста мешавад, айни замон ӯ дастгир шуда дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ нигоҳ дошта мешавад», - зикр мегардад дар маълумот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста