Сокини вилояти Суғд 8 манзили зист дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ғорат намудааст. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 30-солаи ҷамоати Гулхонаи ноҳияи мазкур Т.Т., ки қаблан тӯли солҳои 2009 ва 2013 барои содир намудани ба ҳамин монанд ҷиноятҳо маҳкум шуда буд, боздошт гардид.
Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз муроҷиати 8 нафар сокини ҷамоати Гулистон дарёфти макони будубош ва боздошти гумонбаршуда дар ин ин ҷиноят Т.Т. муяссар шудааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда аз манзили зисти ҳамсояҳо маблағи пулӣ, маснӯоти тилло, сарулибос ва ҳуҷчатҳоро дуздидааст. «Ба ҷуз дуздӣ, боздоштшуда ҳамчунин ба оташзании ду манзили зист пас аз дуздӣ низ гумонбар аст», - гуфтанд дар Раёсат.
Зимнан зикр гардид, ки нисбати Т.Т. аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 244 (Дуздӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 339 (Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, муҳр) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста