Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб ба гунаҳкор будани адвокат Шуҳрат Қудратов, ки рӯзи 21-уми июл дар Душанбе ба ҳабс гирифта шуд, шубҳа надорад.
«Ба аз ҷониби Қудратов содир шудани ҷинояти ба ӯ нисбатдодашуда ман ҳеҷ шубҳае надорам», - гуфт Ғоиб ва зикр кард, ки адвокат бо далели шайъӣ ҳангоми гирифтани пора барои минбаъд ба судя додани он боздошт шудааст.
Ба гуфтаи раҳбари Агентӣ, оид ба гуфтушунидҳои Қудратов дар робита ба додани пора сабтҳои аудиоӣ мавҷуданд, ки баъди як моҳ ҷиҳати шиносии намояндагони ВАО бо он имкон пайдо мешавад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб қайд кард, ки ҳангоми кофтуков дар манзили Қудратов дар ҳаҷми 20 ҳазор доллари ИМА маблағҳои пулӣ дарёфт ва мусодира гардида, айни замон сарчашмаҳои ба даст овардани ин маблағҳо ошкор карда мешавад.
Директори Агентии зиддифасод таъкид дошт, ки Қудратовро аз 5 то 10 соли зиндон интизор аст. «Агар гуноҳи Қудратов собит шавад, мутобиқи тағийроти чанде қабл воридшуда ба қонун «Дар бораи адвокатура», пас аз адои муҳлати ҷазо дар зиндон, ӯ аз фаъолияти адвокатӣ барканор мегардад», - афзуд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар робита ба сабабҳои боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов рӯзи 23-юми июл маълумоти расмӣ интишор намуд.
Сипас Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қарор кард, ки раиси ҳизб, ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров муовини худ Шуҳрат Қудратовро шахсан ҳимоят мекунад . Раҳматилло Зойиров дар робита ба боздошти ӯ изҳор намуд, ки Шуҳрат Қудратов эътироф намудааст, ки аз зерҳимояи худ маблағи пулӣ гирифтааст, вале на барои порадиҳӣ ба судя.
Баъдан ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар робита ба боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов изҳорот пахш намуда, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки парвандахои Ш.Қудратов ва Ф.Зокиров мунсифонаву беғараз баррасӣ карда шаванд.
Рӯзи 25 июл адвокат Шуҳрат Қудратов аз боздоштгоҳи тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гузаронида шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста