Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд содир гардидани 223 ҷиноят дар шаҳр ва ҷамоати Палос ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти ҳукумати шаҳри Чкаловск, сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳо дар ин давра 92,9%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9% зиёдтар аст.
Ба иттилои манбаъ, тӯли 6 моҳ аз ҳама бештар далели дуздӣ – 34 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат зиёдтар мебошад.
«Содир шудани ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ, авбошӣ ва ғоратгарӣ нисбатан камтар шуда, агар нимсолаи аввали соли гузашта 20 далели қаллобӣ, 9 далели авбошӣ ва 5 далели ғоратгарӣ ба қайд гирифта шуда бошад, соли равон ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 7 далели қаллобӣ, 7 далели авбошӣ ва 1 ҳолати ғоратгарро ташкил медиҳанд», - афзуд сарчашмаи хабар.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста