Ҳафтаи сипаригашта кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ оид ба боздошт намудани фурӯшандагони героин ду амалиёт гузарониданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, баъди дастрас шудани маълумоти оперативӣ, кормандони Раёсат қарор намуданд, ки фурӯшандагони героинро ҳангоми хариду фурӯш дастгир намоянд.
Дар натиҷа ду сокини шаҳри Хоруғ боздошт гардид. Яке аз онҳо соли 2012 барои паҳн намудани маводи нашъаовар суд шуда буд, аммо ҷазои пештар гирифта барояш сабақ нагардид. Ӯ боз ба роҳи каҷ қадам зад.
Муайян гардид, ки ҳар ду фурӯшанда дар ҳеҷ куҷо кор намекунанд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо маводи зардчатоби хокамонанд дарёфт ва мусодира гардид.
Лабораторияи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ муайян намуд, ки маводи мусодирашуда героин мебошад.
Аз тарафи шуъбаи тафтишотии Агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид. Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи Нигоҳдории Муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста