Як зан бо номи Отифеҳ Пичанд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон асту зери ҳимояти Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон қарор дорад, санаи 21-уми июли соли равон дар изҳороташ ба унвони Прокуратураи генералӣ дар бораи таҷовуз ба номусаш аз ҷониби корманди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маълумот дод.
Изҳорот ба унвони прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода ирсол шудааст. «Ӯ санаи 10.02.2014 сол маро зӯран маро ба автомашинаи рақами 55 00 АМ 01 савор карда, ба кабинети кории худ овард ва дар ҳамон ҷо нисбати ман амалҳои зӯроваронаи дорои хусусияти шаҳвонӣ содир намуд», - зикр мегардад дар изҳорот, ки нусхаи он ба «Азия-Плюс» дастрас гардид.
Ҷабрдида Отифеҳ Пичанд ҳамчунин қайд мекунад, ки то баргузории вохӯрии президент бо кормнадони прокуратура санаи 10-уми июли соли ҷорӣ, ба волоияти қонун дар Тоҷикистон бовар надоштааст. «Аммо баъди вохӯрии президент ман бовар дорам, ки дигар ҳеҷ касе чунин афродро дастгирӣ нахоҳад кард», - гуфта мешавад дар изҳорот.
Зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар ин робита ба журналистон иттилоъ дод, ки изҳороти мазкур қабул шуда, айни замон оид ба ин далел чорабиниҳои тафтишотӣ гузаронида мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста