Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар ғоратгарӣ замони ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ, сокини 37-солаи ноҳияи Ҷиргатол Баҳромҷон Қаландаровро ба ҳабс гирифтанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, соли 1998 Б.Қаландаров ба гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ таҳти раҳбарии айни замон маҳкумшуда Ҳокимбек Ҳомидов шомил будааст.
Моҳи декабри соли 1998 Б.Қаландаров ва 4 нафар ҳаммаслакони ӯ мусаллаҳ бо автоматҳои Калашников ба манзили сокини ноҳияи Рӯдакӣ Теша Маҳмудов ворид шуда, бо таҳдиди зӯроварӣ аз ӯ ҷавоҳиротҳои тиллогин ва молу ашёҳои рӯзгор, ҷамъ ба маблағи 800-доллари амрикоӣ ва 327 ҳазор рублро тасарруф намуда, охиронро лату кӯб намудаанд.
Худи ҳамон шаб ин гурӯҳи мусаллаҳ ҳамчунин вориди хонаи истиқоматии сокини дигари ин ноҳия Шамсиддин Исматов шуда, бо истифода аз силоҳи оташфишон, бо роҳи таҳдиди истифодаи зӯроварӣ аз ӯ 200 ҳазор рублро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста