Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва адвокати Шуҳрат Қудратов дар робита ба дастрасӣ надоштанаш ба зерҳимояи худ аз болои муфаттиши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Умед Раҳмонов (нусхааш ба роҳбари Агентӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб) ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурд.
Раҳматилло Зоийров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муфаттиши Агентии зиддифасод Умед Раҳмонов муддати ду ҳафта аст, ки ба ӯ додани иҷозати вохӯрӣ бо зерҳимояшаро ваъда медиҳад, вале гоҳе ба зангҳо посух надода, гоҳи дигар мегӯяд, ки дар сафари корӣ дар минтақаҳо аст. «Ин дағалона риоя накардани ҳуқуқҳои инсон аст, ки дар Конститусия кафолат дода шудааст», - иброз дошт вай.
Ба гуфтаи Зойиров, ӯ метавонад собит созад, ки парвандаи ҷиноии нисбати Қудратов бозшуда ба гумони додани пора ҳеҷ асоси воқеӣ надорад.
Қобили зикр аст, ки аввали моҳи август дар суди шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини судӣ оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, ки Агентии зиздифасод ӯро дар додани пора муттаҳам медонад, оғоз гардид.
Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар робита ба сабабҳои боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов рӯзи 23-юми июл маълумоти расмӣ интишор намуд.
Сипас Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қарор кард, ки раиси ҳизб, ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров муовини худ Шуҳрат Қудратовро шахсан ҳимоят мекунад . Раҳматилло Зойиров дар робита ба боздошти ӯ изҳор намуд, ки Шуҳрат Қудратов эътироф намудааст, ки аз зерҳимояи худ маблағи пулӣ гирифтааст, вале на барои порадиҳӣ ба судя.
Баъдан ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар робита ба боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов изҳорот пахш намуда, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки парвандахои Ш.Қудратов ва Ф.Зокиров мунсифонаву беғараз баррасӣ карда шаванд.
Рӯзи 25 июл адвокат Шуҳрат Қудратов аз боздоштгоҳи тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гузаронида шуд.
Зимни нишасти хабарии рӯзи 30-юми июли соли ҷорӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб изҳор намуд, ки ба гунаҳкор будани адвокат Шуҳрат Қудратов шубҳа надорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста