Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ як сокини ҷавони кишварро ба гумони даст доштан дар тарғиби равияи динии «Салафия» боздошт намуданд. Ин равия дар баробари 11 ҷараёнҳои дигари динӣ аз ҷониби Суди олӣ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Ҳумайнӣ Ғозиеви 25-сола, сокини ш.Душанбе ҳамчун гумонбар барои даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дастгир карда шуда, муайян гардидааст, ки ӯ дар давоми соли 2009 аз шаҳрванд Баҳром Олимов таълимоти динии равияи салафияро омӯхта, аз ҳамон вақт то моҳи августи соли 2014 ҳамчун аъзои равияи динии салафия иштирок кардааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди ш. Душанбе дар масҷиди ҷомеъаи марказии пойтахт ба номи “Ҳоҷӣ Ёқуб” ва дар маъракаву маросимҳои мардум ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ машғул шуда, шаҳрвандон: Наҷмиддин Ашӯрови 25-сола, Аҳмад Зоирови 28-сола, Фирӯз Сатторови 24-сола, Намозиддин Шамсиддинови 40-сола, истиқоматкунандагони ш.Душанбе ва дигаронро ба ин равия ҷалб намудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста