Мудири филиали №76 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар минтақаи Рашт Умаралӣ Мирзоев ба азхудкунӣ ва исрофкории воситаҳои ниҳоят зиёди пулӣ гумонбар дониста мешавад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, зимни фаъолият ба ҳайси мудири ин филиал дар давраи солҳои 2012-2013 У.Мирзоев бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ 1 млн. 955 ҳазору 735 сомонӣ маблағро азхуд ва барои эҳтиёҷоти шахсиаш масраф кардааст.
Ба иттилоли манбаъ, Умаралӣ Мирзоев бо мақсади пинҳон намудани маблағҳои пулии тасарруфнамудааш, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ ба номи 91 нафар шаҳрвандон ба маблағи умумии 4млн. 359,5 ҳазор сомонӣ қарзи бонкӣ ба расмият даровардаааст, ки гӯё номбурдагон маблағи мазкурро аз хазинаи бонки номбурда бо тариқи нақдӣ гирифта бошанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати номбурда мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста