Суди вилояти Хатлон яке аз чеҳраҳои маъруфи олами ҷиноӣ Тоир Тешаев, машҳур бо лақаби «Тоири сиёҳ»-ро ба 18 соли зиндон маҳкум кард.
Судяи суди вилояти Хатлон, раиси мурофиаи мазкур Амонзода Намози Шариф ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Тоир Тешаев мутобиқи ҳамаи айбномаҳои қаблан пешниҳодшуда - мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ), 195, қ. 2 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 237, қ. 3 (Авбошӣ) ва 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф гардидааст.
Суд ҳамчунин ҳаммаслакони ӯ – Маҳмадсафӣ Низомовро ба 5 сол, Фаридун Зокиров ва Баҳодур Боевро ба 4 соли зиндон маҳкум карда, ҳар кадомеро дар ҳаҷми 12 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ кард.
Ҷаббор Алиев, адвокати Тоир Тешаев дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки онҳо бо ҳукми суди вилоят розӣ нестанд ва аз болои он шикоят бурданианд.
Бояд ёдовар шуд, ки РВКД дар вилояти Хатлон қаблан аз боздошти Тоир Тешаев ва шарикони ӯ з имни як нишасти хабарӣ итиллоъ дода буд.
Сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал майори милиса Анвар Тағоймуродов рӯзи 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки Тоир Тешаев, машҳур бо лақаби «Тоири сиёҳ» 19-уми марти соли равон аз тарафи кормандони раёсат ба ҳабс гирифта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, Тоир Тешаев бо ҳаммаслаконаш бо як гурӯҳи дигар дар муноқиша мешаванд ва аз силоҳи оташфишон тир холӣ мекунанд, ки ба дасти зане, ки дар айвони хонааш меистодааст, бармехӯрад.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамроҳи ӯ ҳаммаслаконаш - шаҳрвандон Суҳроб Назаров, Баҳодур Боев, Маҳмадсафо Низомов ва як нафар аз тарафи муқобил Фаридун Зокиров низ дастгир шудаанд. «Бояд гуфт, ки дар пайи ин муноқиша 7 нафар шаҳрвандони дигар дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳоло ин қазияро прокуратураи вилояти Хатлон тафтиш мекунад», - гуфта буд Анвар Тағоймуродов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста