Пас аз муроҷиати Раҳматилло Зойиров, адвокати Шуҳрат Қудратов ба президенти мамлакат, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб бо ӯ мулоқот кард.
Раиси ҲСДТ, роҳбари Консорсиуми юридикии Тоҷикистон, ки аз манфиатҳои адвокат Шуҳрат Қудратов ҳимоя мекунад, ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар мулоқот бо Абдуфаттоҳи Ғоиб ҷузъиёти парвандаи марбут ба зерҳимояаш Шуҳрат Қудратовро баррасӣ кардаанд. «Ҳамчунин масъалаи шаффофона ҷараён гирифтани тафтишоти пешакӣ ва судии парвандаро низ баррасӣ кардем», - иброз дошт вай.
Ба гуфтаи Зойиров, ҳамчунин мувофиқа ҳосил шудааст, ки ба парвандаи Қудратов кинаву хусумати шахсии тарафҳо таъсиргузор нахоҳад буд.
«А.Ғоиб зикр кард, ки ин вохӯрӣ барои ҳамкории ниҳодҳои мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ва сохторҳои давлатӣ ҳамчуни пул хизмат хоҳад кард. Ӯ қайд кард, ки мо як ҳадаф дорем – мубориза бо ҷинояткорӣ. Ин вохӯрӣ як қадами муайян ба ҳамкории созанда аст», - афзуд Зойиров.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста