Зимни баргузории чорабиниҳои махсуси кормандони мақомоти милисаи шаҳри Кӯлоб афроди гумонбар ба дуздӣ ва оташзании манзили Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова боздошт шуданд, ки асосан занон мебошанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, шаби 24 ба 25-уми июли соли 2014 дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Қосимова Сурайё соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Кӯлоб, роҳбари Ансамбли Фалак дар вилояти Хатлон, аз ҷониби шахсони номаълум, аз дохили ҷевони оҳанин ҷавоҳиротҳои тиллоӣ ва нуқрагин, 1-адад планшети тамғаи «Самсунг», ҷамъ ба маблағи 24000 доллари амрикоӣ дуздида шудаанд. Ҳамзамон хонаи истиқоматии мазкур оташ гирифта, ки ҳадаф аз он нест намудани изи ҷиноят буд. Мошинҳои сӯхторнишонӣ сари вақт расида кӯшиш намуданд, молу амволи хонаро аз коми оташ наҷот диҳанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки содиркунандаи ҷинояти мазкур ҷияни худи Сураё Қосимова, Муҳаё Қосимова соли таваллудаш 1985 буда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон: Аҳророва Матлюба, соли таваллудаш 1982, Аҳороров Ҷумахон соли таваллудаш 1987 ва Бегназарова Музаян, соли таваллудаш 1970, сокинони шаҳри Кӯлоб, ба ин ҷиноят даст задаанд. Аз ҷониби кормандони милитсия далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуда, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста