Суди ҳарбии гарнизони Хатлон акнун собиқ афсари Гвардияи миллии Тоҷикистон ва ҳаммаслаки ӯ - собиқ корманди хадамоти оташнишонии ноҳияи Муъминободро барои мунтазам дуздидани чорво маҳкум намуд.
Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоир Искандаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки лейтенати хурди Гвардияи миллӣ Раҷаалӣ Махсумов ва собиқ корманди хадамоти оташнишонӣ Маҳмадзоир Давлатов муддати зиёде дар роҳи мошингарди Сарбанд – Данғара ба дуздии чорво мащғул буда, сипас гӯшти онро ба қассобони Кӯлоб месупурдаанд.
«Моҳи июли соли равон сокинони маҳаллӣ зимни кӯшиши навбатии рабудани говҳо, дздонро боздошта, онҳоро ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд, - гуфт Искандаров. – Нисбати онҳо мутобиқи моддаи 244 (Дуздӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян карда шуд, ки зиёни расида ба ҷабрдидагонро наздикони маҳкумшудагон барқарор кардаанд».
Ба қавли ӯ, суд Раҷабалӣ Маҳмудов ва Маҳмадзоир Давлатовро мутобиқи моддаи «Дуздӣ» гунаҳкор эътироф намуда, ҳар кадомеро ба 250 нишондиҳандаи ҳисоб ё худ 10 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста