Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сокини 20-солаи пойтахт Фирӯз Файзов, яке аз ҳамлагаронеро, ки ҳамроҳи ҳаммаслаконаш бо корд ба шаҳрванди Ҳиндустон ҳамла оварда, ӯро захмӣ карданд, боздошт намуданд.
Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки боздоштшуда ва ҳаммаслакони ӯ - Фаррух Ҳошимов, сокини 26-солаи ноҳияи Темурмалик як шахсе бо номи Саидҷаъфар рӯзи 22-юми сентябр назди тарабхонаи «Қанд»-и пойтахт бо шаҳрванди 40-солаи Ҳиндустон, корманди ҶДММ «ИМС-Преджент-менеджмент» Неоги Ависеги ба муноқиша пардохта, бо зарбаҳои корд ӯро захмӣ мекунанд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.
Ба иттилои манбаъ, айни замон ҷиҳати боздошти дигар ҳаммаслакони Ф.Файзов тадбирҳои фаврӣ андешида шуда, шаҳрванди Ҳиндустон дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудааст.



Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста