Дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ зиёда аз 22 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар наздикии деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар сокини 20-солаи маҳаллӣ боздошт гардид. Дар натиҷаи кофтукови шахсӣ аз ӯ ду халта бо 45 адад маводи китобшакл бо моддаи бӯи махсус дошта дарёфт ва мусодира гардид.
Гуфта мешавад, мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ моддаи дарёфтшуда навъи гашиш буда, вазни он 22 кг 190 граммро ташкил менамояд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Тафтишот ҳоло муайян намуда истодааст, ки чӣ гуна маводи нашъаовар ба миқори калон дар дасти шаҳрванди Тоҷикистон пайдо шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста