Прокуратураи вилояти Хатлон маҳбуси фироркардаро, ки баъди гурехтан аз зиндон ба дастдарозӣ ба номуси духтари 5-сола гумонбар дониста мешавад, мавриди ҷустуҷӯ эълон кард.
Сармуфаттиши шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Саид Салимзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки маҳбус Намозалӣ Сатторов дар муассисаи ислоҳии «Кирпичная»-и шаҳри Ваҳдат барои дуздӣ адои ҷазо мекард, вале 15-уми сентябри соли равон аз зиндон гурехта, дар шаҳри Қӯрғонтеппа маскан гирифта будааст.
«Дар ин шаҳр ӯ бо Г.З., зани бо ду кӯдак аз шавҳар ҷудошуда шинос ва бо ӯ зиндагӣ мекардааст. Дар остонаи Иди Қурбон ӯ ба зан мегӯяд, ки духтари 5-сола ва писарчаи 3-соларо барои ба тартиб овардани мӯи сарашон ба сартарошхона мебарад, аммо писарчаро дар сартарошхона гузошта, духтачаро бо худ ба ноҳияи Рӯдакӣ мебарад ва дар яке аз майдонҳои он ҷо ба номуси духтарча таҷорвуз мекунад. Сокинони маҳаллӣ духтарчаро дар ҳоли беҳушӣ дарёфт кардаанд», - зикр кард Саидзода.
Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Намозалӣ Сатторов бар асоси моддаҳои 130 қ. 3 (Дуздидани кӯдаки ноболиғ) ва 138 қ. 3, б. «а» (Таҷовузи кӯдаки ноболиғ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парванда боз кард.
Прокуратураи вилояти Хатлон аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки дар сурати ягон маълумоте доштан ё пайдо намудан аз Намозалӣ Сатторов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд.
Дар акс маҳбуси фирорӣ Намозалӣ Сатторов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста