Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” дар ҳудуди ноҳияи Вахш имом-хатиби 36-солаи масҷиди ҷомеи ба номи “Абубакри Сиддиқ”-и шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт гардид, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 4 қуттии вазелин ва бастаи селофанӣ бо маводи қаҳваранг дарёфт гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, экспертизаи судӣ муайян намудааст, маводи боздоштшуда афюн мебошад. «Тавре тафтишоти пешакӣ муайян намуд, имом-хатиб афюн истеъмол менамудааст ва ҳатто онро дар байни сокинон мефурӯхтааст. Бо роҳи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар сокинони вилоят дастгир гардиданд, ки ба имом-хатиб афюнро мефурӯхтанд», - омадааст дар маълумоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ бо моддаи 200 қ.2 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, боздоштшудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста