Суди шаҳри Қӯрғонтеппа боз як муллоро ба ҷурми қаллобӣ маҳкум кард.
Бино ба гуфти раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа Сайдалӣ Сироҷиддин, сокини ноҳияи Бохтар Раҳим Иброҳимовв ба боварии сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷ.З даромада, ӯро бовар кунондааст, ки аз тариқи хондани дуо метавонад муносибатҳои сардшудаашро бо дӯстдоштааш гарм намояд.
«Мулло Раҳим рӯзи 7 июли соли 2014 ба хонаи иҷорагирифтаи ин сокини шаҳри Қӯрғонтеппа омада, бо ҳуруфи арабӣ ва форсӣ дар синаи чап ва атрофи маҳбали зан гӯё дуои гармиро менависад ва бар ивазаш аз ин зан 100 сомонӣ мегирад» - гуфт раиси суди Қурғонтеппа.
Ба қавли ӯ, нисбати Раҳим Иброҳимов бо моддаи 247 қисми 1 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, бо ҳамин модда ба ӯ айб эълон карда шуд.
«Дар мурофиаи судӣ гуноҳи Раҳим Иброҳимов бо моддаи 247 қисми 1 исботи худро ёфт ва суд ӯро ба андозаи 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё баробар ба 10 ҳазор сомонӣ ҷарима намуд,- илова кард Сайдалӣ Сироҷиддин.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста