Як гурӯҳи роҳзанони мусаллаҳ бо корд ва чӯбдаст (бита) ба манзили як сокини ноҳияи Ҳисор ворид шуда, бо таҳдиди зӯрӣ аз он ҷо ба маблағи зиёда аз 8 ҳазор ҳазор сомонӣ воситаҳои пулӣ ва дигар чизҳоро бо худ бурдаанд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯ дар робита ба даст доштан дар содир шудани ин ҷиноят сокинони ноҳияи Ҳисор – Фарҳод Абдуллоев, Баҳрулло Мустафоқулов, ҳарду 21-сола ва Сиёвуши Одилҷони 21-сола боздошт шудаанд, ки рӯзи 9-уми октябр шабона ба манзили сокини ҳамин ноҳия Р.С.-и 36-сола ворид гардида, ӯ ва фарзандонашро таҳдиди куштан мекунанд.
«Сипас бо чӯбдаст ба сараш зада, дасту даҳони фарзанди ноболиғаш Р.Ҷ. соли таваллудаш 2002-ро бо скотч баста, аз ҳуҷраи истиқоматиашон 1500 сомонӣ, 2 адад телефони мобилӣ ва ҷавоҳиротҳои тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 8050 сомониро ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд», - омадааст дар иттилои ВКД.
Гуфта мешавад, далелҳои шайъӣ гирифта шуда, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки Фарҳод Абдуллоев, Баҳрулло Мустафоқулов ва Сиёвуши Одилҷон ҳамчунин ба содир намудани ҷинояти ҳамлаи мусаллаҳона ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Умед-88» дар кӯча Шестопалови пойтахт низ гумонбар дониста мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста