Ба ҷуз Исҳоқ Табаров, боз ду адваоктаи нав – Бузургмеҳр Ёров ва Абдуқаюм Юсуфов низ ба сафи ҳимоятгарони соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов шомил гардиданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, ду ҳафта қабл онҳо ба мақомоти дахлдор дар ин хусус ариза пешниҳод намуда, чанде қабл аризаи онҳо қонеъ ва соҳиби ордер (иҷозатнома) шудаанд.
Қобили зикр аст, ки қаблан Фахриддин Зокиров ва Шуҳрат Қудратов низ ба ҳайси адвокати соҳибкор Зайд Саидов фаъолият намуда, вале ҳарду ҳам ба иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои гуногун аз ҷониби Агении зиддифасод боздошт шуданд.
Адвокатҳо зикр карданд, ки рӯзи 20-уми октябр бо зерҳимояашон Зайд Саидов дидору гуфтушунид кардаанд ва ӯ аз вазъи сиҳатиаш шикоят карда, бори навбатӣ тамоми айбномаҳои нисбаташ пешниҳодшударо рад намудааст.
Ёдрас мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.
Моҳи июл дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.
Чанд рӯз қабл ба парвандаи З.Саидов моддаҳои нави КҶ ҶТ - 340, қ. 2 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо), 314, қ. 2 (Суистифода аз мақоми хизматӣ), 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ), 362, қ. 3 (Ҳаракати ғайриқонунӣ нисбати молу мулке, ки рўйхат шудааст, ё ба вай ҳабс гузошта шудааст, ё ин ки мусодира карда мешавад) ва 292, қ 2 (Саркашии шахси ҳуқуқӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо) илова шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста